Саркоргардони театри Душанбе, дастпарвари ГИТИС Сӯҳроб Усмонов пас аз даҳ соли намоиши охирин, асари афсонавии Ҷорҷ Бизеро дигарбора ба саҳна гузошт.
Дар ин кор ба ӯ як дастаи воқеан байналмилалӣ кӯмак мекунад. Дар ин ҷо дирижёри итолиёвӣ Герардо Корделла, дастпарварони консерваторияи Қазон дар ҳайати оркестр, ситораҳои операи тоҷик дар саҳнаанд.
Намоиши кунунӣ аз ҷиҳати муҳтаво монанд ба замони шӯравӣ буда аз гузинаи русзабони солҳои 80-90-уми асри XX реша гирифтааст.
Ҷолибтарин лаҳазоти асосии намоишномаи пуровозаро дар навори мо бубинед.