ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Бойгонии дафтари амири Бухоро ба феҳрасти барномаи ЮНЕСКО “Хотираи ҷаҳон” шомил шудааст.
Дар ин бора роҳбари хадамоти иттилоотии Агентии "Узархив" Анварҷон Алиев хабар дод.
"Фонди бойгонии Дафтари қушбегии амири Бухоро ба феҳристи барномаи "Хотираи ҷаҳон"-и ЮНЕСКО шомил шудааст", - гуфт ӯ.
Ба фонд дар умум ҳам ҳуҷҷатҳои марбут ба фаъолияти худи дафтар ва ҳам ҳисоботи ниҳодҳои марказӣ аз маҳалҳо, инчунин мукотиба бо идораи сиёсии императории Русия дар Бухоро дохил мешаванд.
Аз ҷиҳати муҳтаво он давраи аз ҳамроҳ шудани Бухоро ба Русияи подшоҳӣ то фурӯпошии аморат дар соли 1920-ро дарбар мегирад.
Асосан дар бойгонӣ асноди бо хатти арабӣ ба забони тоҷикӣ-форсӣ навишташуда мавҷуд аст, ки ҳам ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳам сохтори сиёсии онвақтаи Бухороро ифшо мекунанд.
Қаблан ЮНЕСКО осори мукаммали шоири тасаввуф ва файласуфи ҷоҳонӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ба ин феҳрист шомил карда буд.
Қобили зикр аст, ки барномаи "Хотираи ҷаҳон", ки соли 1992 таъсис ёфтааст, ба пешгирии талафоти бебозгашти мероси таърихӣ - аснод ё маҷмӯаи осори дорои арзиши назаррас ва пойдор, хоҳ дар коғаз, аудиовизуалӣ, рақамӣ ва ҳам дар ҳама гуна формати дигар равона шудааст.