Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Вазорати мудофиа аз талоши номуваффақи ҳамлаи нерӯҳои Украина хабар дод

Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои ҳуҷуми нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар наздикии хоҷагии ҷангали Торский ва Серебрянскийро пешгирӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Низомиёни рус аз талоши ҳамла ба гурӯҳҳои ҳамлагари ду бригадаи украинӣ дар минтақаи хоҷагии ҷангали Торский ва Серебрянский ҷилавгирӣ карданд.
Дар ин бора Александр Савчук, раиси маркази матбуоти гурӯҳи марказӣ ба РИА Новости хабар дод.
"Ҳамлаҳои артиллерия ва авиатсияи артиш аз ҷониби як гурӯҳи нерӯҳо аз кӯшиши ҳамлаи мошинҳои зиреҳпӯши ҷангии бригадаи 81-уми авиамобилӣ ва бригадаи механиконидашудаи 67-уми нерӯҳои Украина ҷилавгирӣ карданд", - гуфт Савчук.
Рӯзи ҷумъа президент Владимир Путин аз оғози ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои мусаллаҳи Украина хабар дод.
Дар баробари ин, вазифаҳои ба миён гузоштаи Киев дар ҳеҷ яке аз минтақаҳои ҷангӣ ба даст омада натавонистанд, гуфт роҳбари Русия.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Амалиёти вижаи низомӣ: шикасти ҳамлаи артиши Украина – фоҷеа барои ИМА ва НАТО
Қаблан Сергей Шойгу, вазири дифои Русия аз талоши ҳамлаи қувваҳои мусаллаҳи Украина дар вилояти Запороже хабар дода аз нокомияшон гуфт.
Артиши Русия тавонистон зимни ин ҳамла 945 сарбоз, 33 танк, 28 мошини ҷангии пиёда, 38 мошини зиреҳпӯш, 3 артиллерияи худгарди Krab ва аслихаи дигари Украинаро нобуд карданд.