ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Роҳи мошингарди Хоруғ -Ишкошим дар километри 33 - ум бар асари омадани сел масдуд шуд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, сел бегоҳи рӯзи 9 июн фаромад ва ҳудуди шаш соат ҳаракати нақлиётро тавассути ин роҳ номумкин гардонд.
Манбаъ иллати омадани селро ба гармии аз ҳад зиёд, ки боиси обшавии босуръати барфу яхҳо гардид, рабт дод.
КҲФ зикр намуд, ки бо истифода аз техникаи махсуси хадамоти роҳдории Вазорати нақлиёт ин масир аз сангу селоба тоза гардид ва ҳаракати нақлиёт дубора барқарор гардид.
Ин офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ надошт, илова намуд Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Қаблан, КҲФ аз тафсон шудани ҳаво ва эҳтимоли баландшавии сатҳи обу омадани сел ҳушдор дода буд.
Ҳамчунин, КҲФ ба хотири ҷилавгирӣ аз обхезӣ дар кӯчаву хонаҳо аз аҳолӣ хоҳиш намудааст, ки тамоми ҷӯйбору хандақҳо тоза кунанд ва ҳатман аз рӯи маълумоти КҲФ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёт амал кунанд.