ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар Лаҳистон як сохтори сиёсӣ таъсис дода мешавад, ки ҷонибдори барқарории равобити дӯстона бо Русия мешавад, навиштааст сиёсатшинос ва асосгузори ҳаракати зиддиҷангии Лаҳистон Лешек Сикулский дар Twitter.
"Мо тасмим гирифтем, ки дар якҷоягӣ бо Ҷунбиши зиддиҷангии Лаҳистон як созмони сиёсие таъсис диҳем, ки ошкоро, сарашро дар рег пинҳон накарда, барои барқарор кардани муносибатҳои дӯстона бо бузургтарин ҳамсояи мо – Русия талош хоҳад кард. Чорабиниҳои аввалин дар тирамоҳ барпо мешаванд", - навиштааст Сикулский.
Вай ҳамчунин афзуд, ки билохира ба ӯ ва ҳамфикронаш муяссар шуд, ки ҶЗЛ-ро расман сабти ном кунанд.
Ҷунбиши зиддиҷангии Лаҳистон ассотсиатсияест, ки бо ташаббуси Лешек Сыкульский таъсис ёфтааст.
Намояндагони ин иттиҳодия мухолифи амрикоикунонии Лаҳистон буда, иқдомоти Варшава барои ҳимоят аз Украинаро маҳкум мекунанд ва исрор доранд, ки равобит бо Маскав барқарор шавад.