КҲФ аз дарёфти ду ҷасад дар Муъминободу Суғд хабар дод

Ин ду қурбони, ки яке ҳамагӣ 10 сол ва дигаре 31 сол дошт, бинобра ғарқ шудан дар дарёи Сурхоб ва обанбори суии деҳа ғарқ шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми як рӯз якбора ду нафар дар об ғарқ шуда, ҷон аз даст доданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод.
Бар хабари манбаъ, як ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Муъминобод ба вуқӯъ пайваст.
"Сокини 31 солаи деҳаи Тутойи ҷамоати деҳоти Балҳоби ноҳияи Мӯъминобод бо сабабҳои номаълум дар дарёи Сурхоб ғарқ шудааст", - омадааст дар хаари КҲФ.
Ин ниҳод мегӯяд, наҷотбахшон пас аз қабул кардани ин хабари нохуш, зуд ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ҷисми беҷони мардро аз дарё берун ва ба пайвандон супориданд.
Ҳамчунин як ҳодисаи нохуши дигар дар вилояти Суғд хабар дод. Кӯдаки 10 - сола, сокини деҳаи Оламтоби ҷамоати деҳоти Исмоил Бобоҷони ноҳияи Ғафуров ҳангоми оббозӣ дар обанбори сунъии деҳа ғарқ шуд.
Эълони омори ғарқшудаҳо дар обҳои Тоҷикистон: бештар ноболиғонанд
Барои пайд кардани ноболиғ басти навбатдории наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ҷалб гардиданд. Наҷотбахшон пас аз пайдо кардани кӯдак ҷасадашро ба мақомоти марбута супурданд.
Дар ҳамин ҳол, КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки қоидаҳои бехатариро риоя кунанд ва аз оббозӣ дар ҳолати, мастӣ, дар ҷойҳои мамнуъ худдорӣ кунанд.