ВАО: Арабистони Саудӣ пас аз суханони Байден дар бораи нафт ИМА-ро таҳдид кард

Арабистони Саудӣ ба таври равшан манфиатҳои худро бо роҳи дипломатӣ дифоъ кардааст, аммо Шаҳзодаи Саудӣ шахсан Иёлоти Муттаҳидаро таҳдид кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон Оли Сауд Вашингтонро бо "оқибатҳои ҷиддии иқтисодӣ" таҳдид кард, ки қасд дошт Риёзро барои тасмимаш дар бораи коҳиши истихроҷи нафт муҷозот кунад.
Дар ин бора аншрияи Washington Post бо истинод ба асноди махфӣ гузориш медиҳад.
Ба навиштаи рӯзнома, дар тирамоҳ раисиҷумҳур Ҷо Байден алайҳи Арабистони Саъудӣ, ки тасмим гирифт, дар пасманзари қимати гарони энержӣ ва интихоботи миёндавраии Амрико, истихроҷи нафтро коҳиш диҳад, чораҳо эълон кард.
Bloomberg: Иттиҳоди нафтии Русия ва Саудӣ нақшаҳои Байденро вайрон мекунанд
Зимнан зикр мегардад, дар ҳоле ки ҳукумати Арабистони Саудӣ тавассути изҳороти дипломатӣ аз амалҳои худ ба таври ошкор дифоъ мекард, валиаҳд ба таври хусусӣ таҳдид кардааст, ки муносибатҳои Амрикову Саудиро ба куллӣ тағйир медиҳад ва дар сурати интиқом ба Риёз ба ИМА хисороти зиёди иқтисодӣ мерасонад.
Ҳанӯз рӯшан нест, ки таҳдиди шоҳзода мустақиман ба мақомоти амрикоӣ ирсол шудааст ё тавассути гӯш кардани телефон ба даст омадааст.
Як манбаъ дар Шӯрои Амнияти Миллии Амрико гуфтааст, ки аз ин гуна таҳдидҳои Арабистони Саудӣ хабар надорад.
"Умуман, чунин ҳуҷҷатҳо аксар вақт инъикоси якдафъаинаи воқеият буда, тасаввуроти пурра дода наметавонанд", - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи вай, Иёлоти Муттаҳида ҳамкориҳоро бо Арабистони Саудӣ идома медиҳад ва онро шарики муҳим дар пешбурди манофеи мутақобила дар минтақа медонад.