Раҳмон боигарии асоситарини Тоҷикистонро гуфт

Раисҷумҳури Тоҷикистон барои Қатар зарфияти ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталифро баён дошта, муносибатҳо дар соҳаи энергетикаро бисёр зарур хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Энергетика аз ҷумлаи бахшҳои зарфиятдори ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қатар арзёбӣ шуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо расонаҳои ғарбӣ гуфт, иқтидори гидроэнергетикии кишвар 527 млрд киловатт/соат неруи барқ дар як сол мебошад, ки ҳоло ҳамагӣ то 5%-и он истифода мешавад.
"Тоҷикистон аз нигоҳи захираҳои гидроэнергетикӣ, яъне неруи таҷдидшаванда дар ҷаҳон ҷойи 8-умро ишғол менамояд ва аз рӯи фоизи истеҳсол ва истеъмоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар байни кишварҳои ҷаҳон дар ҷойи 6-ум меистад", - гуфт Раҳмон.
Вай афзуд, ин маънои онро дорад, ки захираҳои гидроэнергетикӣ яке аз асоситарин боигарии Тоҷикистон аст.
Раҳмон изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои охир фазои мусоиди сармоягузориро ба вуҷуд овардааст.
Эмомалӣ Раҳмон зебогии Варзобро ба амири Қатар нишон дод
"Тоҷикистон аз иштироки фаъоли ҷониби қатарӣ дар амалисозии лоиҳаҳои худ, аз ҷумла дар соҳаи энергетика истиқбол хоҳад кард", - изҳор дошт Раҳмон.
Ӯ илова намуд, ки ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои энергетикии барои минтақа муҳим захираҳои фаровони оби Тоҷикистон, ки тақрибан 60% захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, заминаи мусоид мебошад.
"Амалисозии лоиҳаҳои бунёди иншооти бузургу миёна ва хурди энергетикии мо имконияти содир намудани барқи “сабз”-ро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон фароҳам меорад", - гуфт президент.
Дар ин росто, Тоҷикистон омода аст, ки бо ҷониби қатарӣ ҳамкориро дар ин бахш таҳким бахшад.