ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ аз қароргоҳи Варзоб дидан карданд, хабар медиҳад, дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Қайд карда мешавад, ки боздид аз ҷойҳои зебоманзару ҷолиб дар доираи сафари давлатии Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба ҷумҳурӣ сурат гирифт.
Дар ҷараёни сайругашт амири Қатар бо манзараҳои нодири табиии Тоҷикистон ошно шуд.
Сарони кишварҳо дар мавзеъҳои зебоманзари минтақаи Варзоб сайру гашт карда, аз табиат ва ҳавои тозаи кишвари офтобӣ баҳра бурда, суҳбати озоди дӯстона анҷом доданд.
Дафтари матбуоти Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки чунин чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ сурат гирифт.
Қаблан Тоҷикистону Қатар як қатор санадҳои ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳум имзо карда буданд.
Созишномаҳои имзошуд марбут ба шарикӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, тиҷорат, варзиш, сиёсати ҷавонон, савдо, кишоварзӣ ва саноатро дар бар мегирад.
Алоҳида бояд таъкид кард, ки созишномаи ҳамкориҳои ҳарбӣ низ имзо шуд.
Ҳамчунин миёни Кумитаи дини Тоҷикистон ва Вазорати авқоф ва корҳои исломии Давлати Қатар як ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки дар Душанбе мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ баргузор шуд.
Ба муносибати омадани амир дар истиқболи ботантана қаровули фахрӣ барпо гардид, гимни ду мамлакат иҷро ва аз тупҳо 21 тир шиллик карда шуд.