ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Клуби футболи "Хуҷанд" қатъи ҳамкорӣ бо мураббӣ Нӯъмон Ҳасановро, ки дар авоили моҳи май ба кор шурӯъ кард, тасдиқ кард.
Ба иттилои хадамоти матбуоти тим, сабаби барканории Ҳасанов шароити оилавӣ буд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Ҳасанов дар ояндаи наздик умуман ба ҳайси мураббӣ кор намекунад.
"Бошгоҳи футболио "Хуҷанд" ба Нӯъмон Нурматович изҳори сипос намуда, ба ӯ дар оянда барору комёбиҳо таманно дорад", - омадааст дар паёми хайрбоди тим.
Иҷрокунандаи вазифаи мураббӣ Фаррух Марофиев буд, ки моҳи декабри соли 2022 ин мақомро тарк карда буд. Аммо ба далели банд будани Марофиев бо тими ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё, Шариф Зиёев, ки муваққатан тими "Хуҷанд"-ро ба бозиҳо омода мекунад.
Қаблан як манбаи Sputnik Тоҷикистон дар тим изҳор дошт, ки дар пайи натиҷаҳои ғайриқаноатбахши даста дар чанд бозии охир роҳбарияти бошгоҳи "Хуҷанд" ва сармураббӣ дар бораи қатъи ҳамкорӣ хулоса кардаанд.
"Ҳасанов мутахассиси варзида аст, вале мутаассифона бо омадани ӯ даста натавонист ба нишондодҳои хуб муваффақ шавад. Балки чанд бозиро бохт, мавқеи даста дар ҷадвали чемпионати кишвар тағйир наёфт", - гуфт мусоҳиб.
Вай таъкид намуд, ки бинобар ин роҳбарияти бошгоҳ ба хулосае омаданд, ки қарордодро қатъ намоянд.