ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Муҳаммадҷаъфар Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон вориди вилояти Суғд шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд меҳмононро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, додситони вилоят Фурқат Хоҷазода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Дар рафти суҳбат тарафҳо оид ба инкишофи муносибатҳои дӯстонаи байни мамлакатҳо мубодилаи афкор карданд.
Раиси вилояти Суғд таъкид кард, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Эрон Саид Иброҳими Раисӣ ҳамкориҳо дар самтҳои зерин таҳким ёфт:
илм ва маориф,
фарҳангу санъат,
иқтисод ва савдо,
муносибатҳои дустона.
Ҳамин тариқ, вилояти Суғд яке аз минтақаҳои пешрафтаи ҷумҳурӣ ба шумор рафта, омодааст ҳамкориҳоро бо кишвар густариш диҳад.
Додситони кулли Эрон барои истиқболи гарм изҳори сипос кард ва ҳамчунин ба таҳкими равобити дӯстона ишора карда, омодагии Теҳронро барои густариши ҳамкориҳо таъкид кард.
Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадҷаъфар Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон дар ҷараёни сафараш ба минтақа аз манотиқи фарҳангӣ ва гардишгарӣ низ дидан хоҳад кард.