ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба ислоҳоти ҳамаҷониба ниёз дорад, гуфт Қасим-Ҷомарт Тоқаев, раҳбари Қазоқистон.
Дар ин бора ӯ зимни нишасти пленарии Форуми байналмилалии Остона изҳор дошт.
Раисҷумҳур дар бораи пароканда шудани ҷомеаи ҷаҳонӣ ба блокҳои зидди ҳамдигар, ки бо сабабҳои геополитикӣ ё иқтисодӣ ташкил ёфтаанд, ҳамин тавр шарҳ дод.
"Худи сиёсати иқтисодӣ ба таври ошкоро ҳамчун силоҳ истифода мешавад. Ин муқовимат таҳримҳо ва ҷангҳои тиҷоратӣ, сиёсати қарзи мақсаднок, маҳдуд кардани дастрасӣ ё инзиво аз манобеи молӣ ва назорати сармоягузориро дар бар мегирад", - афзуд Тоқаев.
Якҷоя ин омилҳо ба гуфт раисиҷумҳури Қазоқистон, пояҳои сулҳ ва шукуфоии ҷаҳонро дар даҳсолаҳои охир дар самти тиҷорати озод, сармоягузории ҷаҳонӣ, инноватсия ва рақобати одилонаро халалдор мекунанд.
"Мо шоҳиди тахриби пояҳои тартиботи ҷаҳонӣ ҳастем, ки аз замони таъсиси СММ сохта шудааст", - таъкид кард ӯ.
Қаблан Тоқаев ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, эъломия дар бораи равобити иттифоқӣ имзо карданд.
Тавре раисиҷумҳури Қазоқистон гуфт, кишварҳоро аз қадим бо гузаштаи муштараки таърихӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва маънавӣ бо ҳам пайвастаанд ва дар айни замон ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ фаъолона инкишоф меёбанд.