Таркиш дар масҷиди Файзобод ҳангоми намози ҷаноза: 16 нафар кушта шуд

Таркиш дар маросими видоъ бо ноиби волии Бадахшон, ки ду рӯз қаблдар як ҳамлаи террористӣ кушта шуд, ба вуқӯъ пайваст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар Файзободи Афғонистон як масҷиде тарконда шуд, ки дар он ҷо маросими видоъ бо мансабдори маҳаллӣ баргузор мешуд.
Бар асари таркиш дастикам 16 нафар кушта шуданд ва эҳтимол теъдоди қурбониён аз ин ҳам бештар гардад, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба як манбаи маҳаллӣ.
Ёдовар мешавем, ки ноиби волии вилояти Бадахшон Нисор Аҳмад Аҳмадӣ бар асари таркиши мошини бомбгузоришуда ба ҳалокат расида, ронандаи ӯ ҳамроҳаш кушта ва шаш нафари дигар захмӣ гардиданд.
ДОИШ* масъулияти куштори муовини волии Бадахшон, Нисор Аҳмад Аҳмадиро бар ӯҳда гирифт.
Маълум шуд, ки ноиби волии Бадахшонро кӣ кушт
Дар ин бора Sputnik Афғонистон иттилоъ дода, афзуд, ки террористҳо мегӯянд, сари идораи худрави ҳомили маводи тарканда касе набуд ва он ҳангоми гузаштани мошини Нисор Аҳмад Аҳмадӣ ба таври фосилавӣ тарконда шуд.
Ин дуюмин мақомдори баландпояи толибҳо дар музофоти Бадахшон мебошад, ки аз ҷ ониби ДОИШ* кушта мешавад.
Чанд моҳи қабл сардори амнияти толибҳо дар вилояти Бадахшон, Абдулҳақ Умарӣ дар шаҳри Файзобод кушта шуда буд.
Ба иттилои толибҳо, ҳодиса дар даромадгоҳи идораи амнияти Бадахшон дар шаҳри Файзобод рух дода буда буд. Тавзеҳ дода шудааст, ки мошини ӯро бо дастгоҳи худсохте таркондаанд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия