Эмомалӣ Раҳмон амири Қатарро чӣ гуна пешвоз гирифт - видео

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амири Қатарро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Маросими истиқболи расмии амири Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ дар назди Қасри миллат баргузор гардид.
Кишвардор амири Қатарро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.
Ба иттилои манбаъ, маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ баргузор шуд.
Ҳамчунин шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.
Амири Қатар вориди Душанбе шуд
Ҳамчунин тибқи муқаррароти расмии маросими истиқболи сафарҳои давлатӣ ба ифтихори амири Қатар аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.
Меҳмони воломақом рӯзҳои 8 ва 9 июн дар Душанбе мемонад.
Калонтарин масҷиди Душанбе пас аз нисфирӯзӣ боз мешавад
Ва Калонтарин масҷид, ки бо сармояи дуҷониба бунёд шудааст, бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ боз мешавад.