Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе ифтитоҳ шуд

Пешниҳод шуд, ки ба хотири хизматҳои барҷаста дар олами ислом Масҷиди ҷомеи Душанбе ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит гузошта шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе бо ширкати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар ифтитоҳ шуд Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ифтитоҳ шуд.

"Кишвардорон Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ва Раиси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ин иншооти муҳими маънавиро ифтитоҳ карданд".

Баъди шиносоӣ кишвардорон барои таҳияи масҷид ду ракаат намоз хонда, ба сифати корҳои анҷомдодашуда, ки бо риояи суннатҳо ва нозукиҳои меъмории миллӣ иҷро шудааст, баҳои баланд доданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии президент.
Эмомалӣ Раҳмон амири Қатарро чӣ гуна пешвоз гирифт - видео
Эмомалӣ Раҳмон ба амири Қатар барои саҳмгузорӣ дар бунёди масҷид изҳори сипос намуда, татбиқи лоиҳаро намунаи олии ҳамкории ду давлат арзёбӣ кард.
Сохтмони масҷид 5 октябри соли 2011 оғоз гардида буд.

Сохтори масҷиди ҷомеи марказии Душанбе

Масҷид дар ҳудуди 12 гектар, ки бинои масҷид дар 3 гектари он ҷойгир шудааст ва дорои 3 даромадгоҳи калон мебошад, бунёд гардидааст.
Масҷид имконияти ғунҷоиши 133 ҳазор намозгузорро дар як вақт дорад, ки аз ин шумора 43 ҳазор намозгузор дар дохили масҷид ва боқимонда дар гирду атрофи он ҷой мегирад.
Масоҳати ошёнаи якуми бино, дар маҷмуъ, 18444 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дохили толорҳо бо 14000 метри мураббаъ қолини истеҳсоли ватанӣ қолинпӯш гардида, дар қисмати ҷанубу ғарби толори намозгузории калон меҳроб ҷойгир шудааст.
Масҷид аз 4 манора бо баландии 74 метр, ду манораи хурди ороишӣ бо баландии 21 метр, гумбази зебову мунаққаши калон бо баландии 43 метр ва 17 гумбази хурд бо баландии 35 метр иборат мебошад.
Калонтарин масҷиди Душанберо Раҳмон ва амири Қатар боз мекунанд
Дар дохили масҷид 6 синфхонаи барҳаво, толори қабули меҳмонон ва гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо, 2 китобхона, 9 ҳуҷраи корӣ, 3 меҳмонхона ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир шудааст.
Намои берунаи бинои иншоот 62393 метри мураббаъро ташкил дода, масоҳати 33963 метри мураббаъ бо мармари сафед оро ёфтааст.
Дар гирду атрофи иншоот дар масофаи 92000 метри мураббаъ корҳои кабудизоркунӣ гузаронида шуда, дар ду тарафи даромадгоҳ, ҳамчунин, таваққуфгоҳ барои 500 воситаи нақлиёт бунёд гардидааст.
Барои ороиши масҷид 6630 метри мукааб кошин ва 2800 метри мукааб мармари сиёҳ истифода шудааст. Саҳни ҳавлии дохили бино аз 4800 метри мураббаъ ва як фаввора иборат буда, дар он ҷо дар як вақт 8000 намозгузор ҷой гирифта метавонад. Дар маҷмӯъ, масҷид дорои 178 дар мебошад, ки 40 адади он аз чӯби чормағз омода гардидааст.