Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Шойгу аз ҳамлаи Киев ва талафоти ду тараф гуфт

Дар давоми се шабонарӯзи гузашта низоми Киев ҳамлаи ҷавобии ваъдагияшро қасди амалӣ кардан дошт, аммо ҷавоби шадид гирифту пас гашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Украина дар давоми 3 рӯзи қасди ҳамлаи ҷавобӣ ҳазорҳо низомӣ ва садҳо зиреҳпӯшу танкашро талаф дод.
Ба иттилои вазири мудофиаи Русия, Сергей Шойгу, дар давоми се рӯзи даргириҳо нерӯҳои мусаллаҳи Украина то 3715 низомӣ, 52 танк, 207 мошини зиреҳпӯш, 134 мошин, 5 ҳавопаймо ва ду чархболро дар ҳама самтҳои ҳамлаашон талаф доданд.
Сергей Шойгу дар изҳорот гуфт, ки дар тӯли се рӯз Киев ба ҳамлаи деринаи ваъдашуда гузашта, шумори зиёди нерӯ ва техникаро дар қисматҳои гуногуни ҷабҳа ҷамъ кард.
"Кӯшиши ҳуҷум барбод дода шуд, душман пас гардонда шуда, афсарону сарбозон дар муҳорибаҳо шуҷоату қаҳрамониҳо нишон доданд. Душман ба мақсади худ нарасид, талафоти калон ва бемисл дод", — таъкид намуд генерали армия.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров дар Душанбе сабабу ҳадафи амалиёт дар Украинаро гуфт
Вай афзуд, ки мутаассифона дар ин даргириҳо ҷониби Русия низ талафот дод.
"Дар маҷмуъ дар гурӯҳи муштараки нерӯҳо ҳангоми рафъи ҳамлаи душман 71 нафар низомӣ кушта ва 210 нафар захмӣ шуданд. Инчунин 15 танк, 9 мошини ҷангӣ, 2 мошин ва 9 тӯпхона талаф дода шуданд", - изҳор дошт Шойгу.
Маврид ба зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ амалӣ карда истодааст.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи амалиёти вижаи низомиро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.