ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар соли 2023 дар маркази вилояти Суғд беш аз 50 км роҳ таъмир мешавад. Дар ин бора аз маъмурияти шаҳри Хуҷанд гуфта шуд, ки ин иқдом на танҳо аз ҷониби ҳукумати шаҳр, балки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ низ дастгирӣ карда мешавад.
Тибқи иттилои Муассисаи давлатии "Истифодабарии роҳҳо", аз моҳи январ то майи соли 2023 тақрибан 15 км роҳи мошингард таъмир карда шудааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар авохири моҳи гузашта дар шаҳри Хуҷанд кӯчаҳои ба номи Ҷӯра Зокир ва Камоли Хуҷандӣ комилан мумфарш карда шуданд. Илова бар ин, аз 50 км роҳи пешбинишуда:
дар 19 километр таъмири ҷорӣ гузаронида мешавад;
8,5 км роҳ аз ҷониби соҳибкорони суғдӣ барқарор карда мешавад;
3,2 км бо дастгирии сокинони маҳаллӣ таъмир карда мешавад.
Дар соли 2022 бо мусоидати ҳукумати кишвар, ҳукуматҳои вилояти Суғд ва шаҳр ва, инчунин, бо ташаббуси соҳибкорону сокинони маҳаллӣ 45 километр роҳу кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд таъмиру тармим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки вилояти Суғд бозсозии густурдаи 4 роҳро интизор аст. Тавре сардори Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои автомобилгарди вилоят Шӯҳрат Ашӯрзода хабар дод, дар доираи лоиҳаи марҳилаи чоруми барномаи "Беҳсозии долонҳои нақлиётии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ" 4 роҳ бозсозӣ мешавад: Куруш. - Бекобод; Деҳмой — Бобоҷон Ғафуров; Бобоҷон Ғафуров - Хистеварз ва Конибодам - Кучкак.