ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Тахриби нерӯгоҳи барқи обии Каховская мисоли равшани усулҳои террористии низоми Киев мебошад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, дар як гуфтугӯи телефонӣ бо раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳор дошт.
Ба гуфтаи раҳбари Русия, Украина бо пуштибонии Ғарб вазъро шиддат бахшида истодааст.
"Мақомоти Киев чун пештар барои авҷи амалиёти ҷангӣ, ҷиноятҳои ҷангӣ, ошкоро истифода аз усулҳои террористӣ, ташкили тахрибкорӣ дар қаламрави Русия иқдом мекунанд", - гуфт Путин.
Илова бар ин, дабири Шӯрои амнияти Русия, Николай Патрушев, ҳарфҳои раисҷумҳурро таъйид карда, иқдоми Киевро ҳамлаи террористӣ номид.
"Ин як ҳамлаи навбатии террористии тарҳрезишуда аз ҷониби режими Киев аст, ки ҳадафаш аз байн бурдани мардуми осоишта ва зербиноҳои ғайринизомӣ аст", - гуфт ӯ.
Патрушев иддао мекунад, ки як рӯз пеш аз тарконидани сарбанд бо дастури Киев дар нерӯгоҳи Днепропетровск об холӣ карда шуд.
"Баъд ба нерӯгоҳи барқи обии Каховская як зарбаи дигар зада шуд, ки оқибатҳои боз ҳам зараровартари обхезиро пешакӣ муайян кард", - тасдиқ кард котиби Шӯрои амнияти Русия.
Ӯ бовар дорад, ки низоми Киев хавфи зери об мондани заминҳои Херсон, нерӯгоҳи атомӣ дар минтақа ва хатари пури лойқа шудани канали Қрими шимолиро хуб медонад.
Маврид ба зикр аст, ки 6-уми июни соли 2023 нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба нерӯгоҳи барқи обии Каховская ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа сад хароб шуда, об бе назорат берун рафтан гирифт ва обхезӣ ба вуҷуд омад.