КҲФ аз чор рӯзи гармои тоқатфарсо дар Тоҷикистон ҳушдор дод

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор медиҳад, ки бинобар тафсон шудани ҳаво дар кишвар эҳтимоли баландшавии сатҳи об ва омадани селҳо мавҷуд аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар аксар навоҳии вилояти Хатлон аз 9 то 12 июн ҳаво ниҳоят гарм хоҳад шуд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба оҷонсии обуҳавошиносӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, давоми ин чор рӯз ҳаворати ҳаво дар водиҳо 35-40, дар навоҳии ҷануби кишвар то 43 дараҷа тафсон мешавад.
Илова бар ин, дар ноҳияиҳои вилояти Хатлон, навоҳии тобеи марказ ва вилояти Суғд боди ғуборолуд хоҳад вазид. Шиддати шамол дар як сония ба 15-20 метр хоҳад расид.
КҲФ аз ду рӯзи хатарнок дар Тоҷикистон ҳушдор дод
Дар робита ба баланд шудани ҳарорати ҳаво дар кӯҳҳо обшавии барфу ях сурат мегирад, ки ин ҳолат ба баландшавии сатҳи об ва эҳтимоли омадани сел боис мегардад.
Зимнан, КҲФ дар ин рӯзҳо ба хотири амният хоҳиш мекунад, ки тавсияҳои зеринро риоя кунанд:
безарурат аз соати 11 то 17 ба кӯча набароед;
дар кӯча ҳатман бо либоси озоду кулоҳ ва шишаи оби минералии
газдоргардед.дар кӯча ҷои соятро интихоб кунед;
дар як рӯз на камтар аз 1,5-3 литр об бояд нӯшед;
аз нӯшидани шароб худдорӣ карда бештар мева, сабзавот ва хӯроки сабук бояд хӯрд;
аснои шиноварӣ дар кӯлу ҳавзҳо эҳтиёткор бошед
Ҳамчунин, КҲФ ба хотири ҷилавгирӣ аз обхезӣ дар кӯчаву хонаҳо аз аҳолӣ хоҳиш намудааст, ки тамоми ҷӯйбору хандақҳо тоза кунанд ва ҳатман аз рӯи маълумоти КҲФ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёт амал кунанд.