Кашфи қабри гуруҳии қаблазисломӣ - зардуштӣ дар Панҷакент

Дар пайи муроҷиати як сокини ҷамоати Фароби шаҳри Панҷакент дар ин минтақа ёдгории арзишманди бостонӣ ёфт шуд, иттилоъ додан пажуҳишгарони тоҷик
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар натиҷаи фурӯравии қитъаи замин дар қисмати ҷанубии деҳаи Олимободи ҷамоати Фароб сағона ёфтааст.
Ба иттилои Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин ёдгории арзишманд дар пайи иттилои як нафар сокини деҳа ёфт шудааст.
Манбаъ афзуд, бо дастури роҳбарияти пажӯҳишгоҳ ва мусоидати шуъбаи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, бостоншиносон, номзадҳои илми таърих Шарофиддин Қурбонов ва Абдураҳмон Пӯлодов ба деҳаи Фароб сафар карда, ин бозёфи таърихиро омӯхтаанд.
Таджикские археологи обнаружили древний склеп зороастрийцев в Пенджикенте
Таъкид шудааст, ки тибқи хулосаи аввалияи олимон он новус ё худ сағона- қабри гурӯҳии замони пеш аз ислом буда, шакли ҳуҷраи равоқпӯшро дорад.
Новус аз чанд токча, ки дар онҳо устухондон ва ё хумҳои устухондор ҷойгир аст, иборат мебошад, омадааст дар иттилоия.
Ба таъкиди бостоншиносон чунин сағона дар қисмати куҳистонии Суғди бостон бори аввал дарёфт шуда, он аз дигар бозёфтҳои маросими дафни зардуштӣ фарқ мекунад.
Таджикские археологи обнаружили древний склеп зороастрийцев в Пенджикенте
Маврид ба зикр аст, ки дар доманакӯҳҳо дар ҷануби Тоҷикистон як гурӯҳи олимони рус ва тоҷик экспедитсияи геоархеологӣ анҷом медиҳанд.
Ба гуфтаи ходими пешбари факултети ҷуғрофиёи Донишгоҳи Маскав, Раҷаб Қурбонов кофтуковҳо дар мавзеъҳои палеолити ҷангалӣ соли шашум аст, ки идома доранд.
"Олотҳои зиёди сангӣ вуҷуд доранд, ки ба ғайр аз одам ҳеҷ як раванди геологӣ ба ин минтақаҳо оварда наметавонист", - гуфт ӯ.
Вазифа аз он иборат аст, ки маҷмааи нави донишҳо дар бораи саноати санг ва анҷом додани як қатор таҳлилҳои илмии табиатшиносӣ ба даст оянд, таъкид намуд пажуҳишгар.