Маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ ба ғолибони “Ҳафтаи Пушкин” бо ташаббуси Хонаи русӣ дар Хуҷанд доир гардид.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон низ дар ин маҳфил, ки бахшида ба 224-умин солгарди зодрӯзи Александр Пушкин баргузор гардид, иштирок намуд.
Бино ба иттилои ӯ, дар умум дар озмунҳои “Ҳафтаи Пушкин” дар Суғд 4 ҳазор хонандаи мактаб ҳамроҳи волидонашон иштирок намуда аз ин теъдод 68 нафар ба финал роҳ ёфтанд.
Иштирокчиёни маҳфил, дар озмунҳо ҳунари шеърхонӣ, мусаввараҳо ва филмномаҳо дар бораи фаъолияти эҷодии шоир, драматург ва нависандаи бузурги рус Александр Сергеевич Пушкинро намоиш доданд.
Аз шумораи умумии иштирокдорон 12 нафар ғолиби номинатсияи хониш, навиштани иншо, эссе ва мусаввараҳои осору эҷодиёти Пушкин муаррифӣ шуданд.
Корҳои эҷодии иштирокчиёни озмунро устодони факултаи санъат ва филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баҳогузорӣ намуданд.
Лаҳзаҳои ҷолиби чорабиниро дар навори Sputnik Тоҷикистон бубинед.