ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Русия, генерал Владимир Колоколсев дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд қарор дорад.
Ба иттилои мақомоти ҳукумати Суғд, Колоколсевро дар фурудгоҳи Хуҷанд, раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода истиқбол гирифтанд.
Манбаъ афзуд, ҳадафи сафари генерали рус иштирок дар мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия мебошад, ки 5 июн оғоз гардида, 6 июн идома меёбад.
Инчунин ҳайати вакилони парлумони Русия, таҳти раёсати раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва мубориза бо коррупсия Василий Пискарев дар Суғд қарор дошта, дар мулоқоти вазирони корҳои дохилӣ иштирок доштанд.
"Дар ҷаласаи мушовара нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор қабул карда мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки ҷаласаҳои мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия тақрибан ҳамасола доир шуда, дар он нақшаҳои кории ду сохтор барои соли оянда тасдиқ мегардад.
Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд афзуд, ин мушовараҳо бонавбат, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия баргузор карда мешаванд.
Масоили меҳварии ин мулоқот мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи иттилоот ва дигар масоили мубрами соҳа мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.