ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавро мулоқот кард.
Дар ин бора дар дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Русия хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни сафараш ба пойтахти Тоҷикистон, ки рӯзҳои 5-6 июн дар назар аст, дипломати рус бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷа низ мулоқот кард.
Ҷонибҳо масъалаҳои муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ карданд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни сафар Сергей Лавров дар мулоқот бо дипломатҳои ҷавон, донишҷӯён, рӯзноманигорон, намояндагони доираҳои коршиносӣ ва илмии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) суханронӣ менамояд.