ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Русия ва Тоҷикистон хостори ташкили ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон ва риояи ҳуқуқҳои ҳамаи халқҳо дар ин кишвар мебошад.
Ин нуктаро вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров зимни мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи славянӣ дар Душанбе баён дошт.
Вай таъкид намуд, ки ҳукумат дар Афғонистон бояд ҳамашумул, на танҳо аз нигоҳи қавмӣ балки аз нигоҳи сиёсӣ бошад. Ӯ ҳамчунин ҳамкории Душанбею Маскав дар баробари таҳдидҳои бархоста аз Афғонистон, аз ҷумла мубориза бо маводи мухаддиру терроризми байналмилалӣ гуфт.
Лавров изҳор дошт, ки Маскав ҷонибдори муколама бо толибҳо чун нерӯи қудратманди дохилии Афғонистон мебошад, чун онро ба суди кор медонад ва пайваста зимни тамосҳо ҳукуматдорони ин кишварро ба риояи ҳуқуқи инсон ташвиқ мекунад.
Вай аз ҷумла таъкид намуд, ки ҳукуматдорони Афғонистон бояд ҳуқуқҳои тамоми халқҳои Афғонистон, аз ҷумла тоҷиконро бояд риоя намоянд.
Ахиран Вазорати корҳои хориҷии Русия эълом дошт, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия ҳамчун як садди боэътимод дар роҳи паҳншавии ифротгароӣ, терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир хизмат мекунад.
Ҳузури низомии мо дар Тоҷикистон - бузургтарин дар хориҷ аз Русия - омили муҳими суботу амният дар минтақа буда, ба манофеъи ҳама муттаҳидони СААД мебошад, таъкд намуд ВУХ Русия.