ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Нимаи дуюми моҳи июн муовинони нахуствазири Русия Марат Хуснуллин ва Алексей Оверчук аз Тоҷикистон дидан мекунанд.
Ин нуктаро вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров пас аз мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш, Сироҷиддин Муҳриддин баён дошт.
"Ҳоло Марат Хуснуллин дар миёнаҳои моҳи июн, ҳамроҳи ноиби дигари нахуствазири Русия Алексей Оверчук, ба Тоҷикистон меоянд", - гуфт вазир.
Ба гуфтаи Лавров, Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2022 ба андозаи 18% афзоиш ёфта, дар соли ҷорӣ низ тамоюли зиёдшавӣ дорад.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин зимни як нишасти хабарӣ гуфт, Хуснуллин ва Оверчук рӯзҳои 18-19 июн аз Тоҷикистон боздид мекунанд.
"Онҳо бо роҳбарияти Тоҷикистон масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ хоҳанд кард", - гуфт ӯ.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд кард, ки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар бояд ба воқеияти нави зиндагӣ ҷавобгӯ бошад ва мазмуни нави амалӣ дошта бошад.
Маврид ба зикр аст, ки Хуснуллин дар баробари сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода ҳамраиси Комиссияи дуҷонибаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ мебошад.