Вазорати маорифи Русия нақша дорад, дар Тоҷикистон филиалҳои донишгоҳҳоро боз кунад

Русия нақша дорад, барои дастрасии бештар ба таҳсилоти олии русӣ намояндагии донишгоҳҳои олияшро дар хориҷ аз кишвар бештар боз кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Русия тасмим гирифтааст, дар Миср ва Тоҷикистон филиалҳои донишгоҳҳои Русияро боз кунад.
Дар ин бора муовини раиси вазорат Константин Могилевский ба РИА "Новости" хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло бо Миср, аз ҷумла, дар бораи кушодани як қатор филиалҳои донишгоҳҳои Русия ва бо дигар кишварҳо гуфтушунидҳои фаъол доранд

"Кушодани филиалҳо дар хориҷа кори хеле муҳим аст ва албатта, агар донишҷӯ ба назди мо ояд, пас ӯ имкониятҳо ва интихоби бештар хоҳад дошт, аммо барои онҳое, ки омада наметавонанд ва дар хона таҳсил карданро афзалтар медонанд, чунин имкониятҳо низ вуҷуд доранд”, - гуфт Могилевский.

Вай қайд кард, ки таҳсилоти Русия яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон аст ва дар бисёре аз кишварҳо талабот дорад.
"Мо дар ин ҷо интизори донишҷӯёни хориҷӣ ҳастем", - хулоса кард муовини вазир.
Вазорати маориф шумори донишҷӯёни тоҷикро, ки дар Русия таҳсил мекунанд, эълон кард
Қаблан Сергей Кравтсов, раҳбари Вазорати маорифи Русия гуфта буд, ки ин ниҳод дар якҷоягӣ бо вазорати хориҷаи Русия омода аст, аз мактабҳои русии бурунмарзӣ дар кишварҳои дӯст пуштибонӣ кунад.
Ба гуфтаи вай, мактабҳои русӣ дар ин кишварҳо "таҳти фишори қобили мулоҳизаанд" ва аз онҳо пуштибонӣ кардан ва рушди онҳоро таъмин кардан лозим аст.