ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Маскав ба ҳамкории дарозмуддат ва тарафайн муфид дар бахши муҳоҷират бо Душанбе авлавияти аввалиндараҷа медиҳад.
Ин нуктаро Вазорати умури хориҷии Русия, бо нашри як иттилоия дар ҳошияи сафари расмии вазир, Сергей Лавров ба Душанбе баён доштаст.
"Мо ба ҳамкориҳои дарозмуддат ва мутақобилан судманд бо Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки Маскав барои беҳбуди шароити кору иқомати муҳоҷирони тоҷикистонӣ тадбирандешӣ мекунад.
"Мо барои беҳтар намудани шароити будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ҳудуди Русия, инчунин такмили заминаи ҳуқуқӣ ва сохтори ташкилии ҳамкориҳоямон дар ин самт пайваста тадбир меандешем", - таъкид намудаст ВУХ Русия.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Тоҷикистон садҳо ҳазор шаҳрванд барои таъминоти рӯзгорашон озими Русия мешаванд ва маблағи фиристодаи онҳо сарчашмаи аслии таъминоти хонаводаҳояшон арзёбӣ мегардад.
Инчунин шаҳрвандигирии тоҷикистониҳо низ дар Русия майли афзоиш дошта, дар семоҳаи аввали соли равон наздики 45 ҳазор нафар табааи ин кишварро дарёфт кардаанд.