ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз 17 вазири ҳукуматаш 15 вазирро иваз намуд, хабар доданд расонаҳои туркӣ.
Ба иттилои манобеъ, ба истиснои вазири тандурустӣ ва вазири фарҳанг ва сайёҳӣ, боқӣ ҳамаи вазирон дар ҳукумати Туркия нав шуданд.
Аз ҷумла Раҷаб Тайиб Эрдуғон вазири дифоъ Ҳулуси Акарро аз мақомаш барканор карда, ба ҷои ӯ Яшар Гюлерро таъйин намуд. Вазири тозатаъйини мудофиа қаблан дар вазифаи сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Туркия кор мекард.
Мавлуд Чавушоғлу, вазири корҳои хориҷа низ барканор шуд, ба ҷои ӯ собиқ сардори хадамоти иктишофӣ Хокон Фидан таъйин шудааст.
Собиқ муовини нахуствазир Ҷевдет Йилмаз ба мақоми ноиби президенти Туркия таъйин гардидаст.
Маврид ба зикр аст, ки ин тағйирот баъди он сурат гирифтанд, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҳузури мақомдорони баландпояи хориҷӣ ва вакилони мардумию мансабдорони Туркия савганд ёд карда, барои даври дигар президент шуд.
Ӯ дар даври дуюми интихоботи президентӣ, ки 28 май сурат гирифт, беш аз 52 дарсади орои мардумро ба даст овард. Рақиби ӯ, номзади аҳзоби мухолиф, Камол Қиличдароғлу наздики 48%-и ороро соҳиб шуд.
Ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон протоколи Шӯрои олии интихобот дар бораи пирӯзӣ дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Туркия супурда шуд ва пасон Эрдуғон дар Маҷлиси бузурги миллии Туркия савганд ёд кард ва расман ба курсии президентӣ такя зад.