ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дастаи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе ғолиби озмуни "Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ" гардид. Ба иттилои БДА ҳадафи озмун таҳкими огоҳии кӯдакону наврасон аз қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад.
Баргузоркунандаҳо мегӯянд, ин озмун ҳамасола баргузор шуда, соли равон дар он 6 даста аз шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар баробари гимназияи №74 шаҳри Душанбе, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, МТМУ №7 шаҳри Хоруғи ВМКБ, МТМУ №7 шаҳри Турсунзода, МТМУ №2 ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва МТМУ №1 ноҳияи Рашт аз ҷумлаи иштирокдорон будаанд.
Таҳлили раёсати Бозраси давлатии автомобилии Тоҷикистон нишон додааст, ки зиёда аз 60%-и садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар бо иштироки ноболиғон рух медиҳанд.
Бар асоси омори расмӣ, аз аввали соли равон то даҳрӯзаи охири моҳи май беш аз 400 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Дар пайи ин садамаҳо 146 нафар ҳалок шуда, 442 нафар бо ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардонида шудааст.
БДА тавзеҳ дод, ки бо иштироки пиёдагардон дар 182 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ 52 пиёдагард ба ҳалокат расида, 136 нафар ҷароҳат бардоштааст.