Даъвати ҷаласаи палатаи болоии парлумони Тоҷикистон

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси миллии Тоҷикистон қонуни марбути алоқаи мобилӣ ва палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии палатаи болои парлумони кишварро даъват кардааст.
Бар асоси қарори имзокардаи Рустами Эмомалӣ, ҳамоиши аъзои Маҷлиси миллӣ 16 июн дар назар аст.
"Иҷлосияи 14-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон даъвати шашум 16 июни соли 2023, соати 10-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад", - омадааст дар қарор.
Қабл аз ин ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он барномаи рӯз тасдиқ хоҳад шуд.
Посухи раёсати Хадамоти алоқа дар парлумон: супориши президент дар бораи интернет чӣ шуд?
Шӯрои Маҷлиси миллии Тоҷи­кистон иттилоъ медиҳад, ки дар иҷлосияи чордаҳум аз ҷумла қонунҳо "Дар бораи алоқаи барқӣ" ва "Дар бораи Палатаи ҳисоби Тоҷикистон" баррасӣ мешаванд.
Қонун дар бораи алоқаи барқӣ, ки ахиран аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул шуду ба палатаи болоии парлумон пешниҳод шудааст, бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, ҳадафи он баланд бардоштан сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилию интернет арзёбӣ мешаванд.
Дар баробари Маҷлиси миллӣ инчунин қонунҳо дар бораи тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дар бораи таҳсилоти калонсолон ва дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагонро баррасӣ менамояд.
Инчунин масъалаҳои марбут ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудии ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.