ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти давлатӣ дар мубориза бо маводи мухаддир раиси Кумитаи қонунгузорӣ, дифоъ ва амнияти порлумони Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод аз муваффақиятҳои сохторҳои мубориза бо маводи мухаддири ҷумҳурӣ гуфт.
Ба гуфтаи Шоҳмурод, дар ин соҳа дастовардҳои назаррас ба даст оварда шудаанд.
Дар 24 соли таъсисёбии Ожонси мубориза бо маводди мухаддир 49 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ аз байн бурда шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 47 тон маводди мухаддир мусодира шудааст.
"Дар паси ин рақамҳо ҷони миллионҳо одамоне ҳаст, ки аз хатари нашъамандӣ наҷот ёфтаанд, каналҳои маблағгузории гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ баста шудаанд", - таъкид кард Шоҳмурод.
Ёдовар мешавем, ки дар қаламрави вилояти Суғд амалиёти зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир "Кӯкнор-2023" оғоз шудааст.
Барои пешгирии нашъамандӣ ва ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба зиммаи шӯъбаҳои дахлдор гузошта шуда, шӯроҳои ҳамоҳангсози мубориза бар зидди нашъамандӣ дар байни аҳолӣ корҳои ҳамаҷонибаи профилактикӣ ва тарбиявӣ мебаранд.