Рақибони ҷудокорони тоҷик дар Гран Прии Душанбе маълум шуданд

Тибқи натоиҷи қуръакашӣ аксари ҷудокорони тоҷик дар даври аввал озод буда, рақобатро аз даври дуюм оғоз хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе маросими қуръакашии мусобиқаи Гран Прии Душанбе баргузор гардид ва ҷудокорони тоҷик ҳарифони худро пайдо карданд, хабар медиҳад Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Манбаъ меафзояд, дар рӯзи аввали мусобиқа варзишгарони то 60 ва 66 - солаи марду зан вориди майдони набард мешаванд.
Аз миёни ҷудокорони тоҷик дар ҳамин вазн, Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов бо ҳарифони худ мубориза мебаранд.
Манбаъ меафзояд, Нуралӣ дар даври аввал озод буда, дар даври баъдӣ бо ҷуфти ғолиби намояндагони Исроил ва Қазоқистон набард мекунад.
Ҷебов бошад бо исмоил Мисиров нерӯ месанҷад. Дар ин вазн ба ҷуз аз ин ду варзишгар боз 10 ҷудокори тоҷик, ҳам марду ҳам зан Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.
Интизороти Раҳмон аз натоиҷи баланди ҷудокорони тоҷик дар Гран-прии Душанбе-2023
Рақобатҳои рӯзи дуюм дар вазнҳои 63 - 70 миёни бонувон ва 73-81 миёни мардон сурат мегирад. Дар ин вазн Беҳрӯз Хоҷазода муборизаро аз даври дуюм бо ҷудокори қазоқ шурӯъ мекунад. Инчунин Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти ҷудокорон аз ИМА ва Ӯзбекистон мубориза хоҳад бурд.
Дар ин вазн Тоҷикистон ҷамъан ҳашт варзишгар пешбарӣ намудааст.
Рӯзи охири мусобиқа дар вазнҳои аз 90 то беш аз 100 кг миёни мардон ва то 78 ва беш аз 78 кг миёни занон доир мегарданд. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ҷадвали набарди ҷудокорони тоҷик дар ин вазнро чунин нишон дод:
Комроншоҳи Устопириён - дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Озарбойҷон ва IJF
Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври дуюм бо намояндаи Исроил
Ҳақназар Назаров дар даври аввал бо ҷудокори ӯзбек
Акмал Муродов дар даври дуюм бо намояндаи Олмон
Зимнан, дар вазни то 100 кг Тоҷикистонро Эмомризо Анварзода, Исроил Раҳимов, Раҳматулло Мирзоев ваАбубакри Акобир намояндагӣ мекунанд.
Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов, ки аз 100 кг бештар вазн доранд, ҳар ду муборизаро аз даври дуюм оғоз мекунанд. Раҳимов бо ғолиби ҷуфти Валерий Эндовитсий (IJF) ва Исломбек Равшанқулов аз Ӯзбекистон сабқат мекунад. Мирмамадов бо ҷудокори озарӣ нерӯ месанҷад.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин мусобиқа ҳудуди 300 варзишгар аз 40 давлати дунё номнавис шудаанд. Тоҷикистонро 34 ҷудокор намояндагӣ хоҳанд кард.