IRS бебарқӣ дар нақбҳои шоҳроҳи Душанбе-Чаноқро шарҳ дод

Филиали IRS, масъули нигоҳбони масири пайвандсози ҷанубу шимол дар Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ширкат барои ҳама иншооти зерсохторӣ дар шоҳроҳ масъул нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ширкати Innovative Road Solutions, ки роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқро нигоҳ медорад, дар бораи қатъи нерӯи барқ ​​дар нақбҳои шоҳроҳ гуфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти IRS таъкид карданд, нақби “Истиқлол”, ки аз вазъи он мардум бештар нигарон аст, дар салоҳияти филиал нест, аз ин рӯ, дар бораи мушкилот дар ин қитъаи масир салоҳият надорад.
Дар баробари ин дар рузҳои охир системаи равшанидиҳии нақби "Шаҳристон" низ ба иттилои манбаъ, мушкил дорад.
Ба гуфтаи намояндагони ширкат, ин ба мушкилоти фаннӣ марбут аст, ки ҳоло аз ҷониби мутахассисони IRS ҳал карда мешаванд.
IRS мегӯяд, мушкилоти фаннӣ дар ояндаи наздик ҳал шуда "Шаҳристон" дубора пурра чароғон мешавад.
Дар роҳи Душанбе-Хуҷанд барои ронандагон маҳдудиятҳои нав ҷорӣ шуд
Маврид ба зикр аст, ки филиали ширкат нигоҳдории 348 километр роҳро ба зимма дорад.
Ёдовар мешавем, ки аз 1-уми июн то 31-уми август дар Тоҷикистон маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Чанак эътибор пайдо кард.
Ин иқдом ба мошинҳои вазнин, ки ҳар як ядаки ҳаракаткунандаи онҳо на бештар аз 6 тонна пешбинӣ шудааст, дахл дорад.
Роҳи мошингард барои боркашҳои гаронвазн ҳамарӯза аз соати 10:00 то 19:00 баста мешавад.
"Маҳдудиятҳо бо мақсади таъмири асосии аксари қитъаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ ҷорӣ карда мешаванд", — гуфтанд дар ширкат.