ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. БРИКС, ба ҷуз иттиҳоди иқтисодӣ, метавонад ба як иттиҳоди дифоъии ҷаҳонӣ табдил ёбад, мегӯяд, Виктор Бондарев, раиси кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба дифоъ ва амният.
Вай чунин иттиҳодияро "Доираи некӣ" номид: ин гуна иттиҳод бояд дар асоси дахолат накардан, баробарҳуқуқӣ ва ба нафъи амнияти ҳамдигар асос ёбад.
"Мо бояд ба хотири чизе муттаҳид шавем, на бар зидди касе - ин асоси тартиботи нави одилонаи ҷаҳонӣ аст",- гуфт сиёсатмадор.
Ба гуфтаи Бондарев, дар ҳоли ҳозир БРИКС баh асоси меъмории ояндаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, дар сиёсати ҷаҳонӣ нақши муҳим дорад.
"Ин иттиҳодия ба як маркази ҷалби бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, ки орзуи озодии тиҷорат, ҳамкориҳои одилонаи байналмилалӣ ва истиқлолият аз долларро доранд, табдил меёбад", - таъкид кард вай.
Ёдовар мешавем, ки БРИКС Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубиро муттаҳид мекунад.
Як қатор дигар мамлакатҳо ният доранд, ки ба блоки иқтисодӣ дохил шаванд, аз он ҷумла Аргентина, Эрон ва ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии Чин, Индонезия, Туркия, Арабистони Судӣ ва Миср.