ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия, нерӯҳои марзбонӣ ва дигар воҳидҳои амниятӣ се ҳамлаи террористони украиниро ба миқдори то ду ротаи пиёдаи тирандоз бо танкҳо дар самти ноҳияи Шебекинои вилояти Белгород дафъ карданд.
Дар бораи пешгирии кӯшиши ҳамлаи террористӣ рӯзи панҷшанбе Вазорати дифоъи Русия хабар дод.
"Субҳи имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия дар якҷоягӣ бо воҳидҳои Хадамоти марзбонӣ ва дигар воҳидҳои ФСБ-и Русия аз кӯшиши нави режими Киев барои анҷом додани амали террористӣ алайҳи аҳолии осоиштаи шаҳри Шебекино, вилояти Белгород ҷилавгирӣ карданд", - афзудааст манбаъ.
Тақрибан соати 03:00 ба вақти Маскав пас аз тирборони шадиди ҳадафҳои ғайринизомӣ дар вилояти Белгород, сохторҳои террористии украинӣ бо то ду ротаи пиёданизом муҷаҳҳаз бо танкҳо тақвият додашуда қасди ҳамла ба қаламрави Федератсияи Русияро дар наздикии шаҳраки Новая Таволжанка ва гузаргоҳи байналмилалии автомобилии Шебекино карданд.
Аммо ба иттилои Вазорати дифоъ, амалҳои фидокоронаи низомиёни рус се ҳамлаи гурӯҳҳои террористии Украинаро дафъ кард.
Гуфта мешавад, ки барои нобудии ҳамлагон, аз ҷониби нерӯҳои ҳавоии ҳавзаи Ғарбӣ ба душман ёздаҳ зарба зада шуд.
Ҳамчунин қушунҳои мушакӣ ва артиллерия 77 супориши оташфишониро ба ҷо оварданд, ду зарба бо системаҳои оташфишони вазнин низ зада шудааст.