Дар Тоҷикистон теъдоди корбарони ҳамёнҳои виртуалӣ рӯ ба афзоиш аст

Дар ҷаласаи Шӯрои миллии суботи молиявии ҷумҳурӣ масъалаи густариши зерсохти пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Дар солҳои ахир теъдоди ҳамёнҳои электронӣ дар Тоҷикистон тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора дар ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ, ки дар Бонки миллӣ таҳти раҳбарии раиси Вазорати рушди иқтисод Завқӣ Завқизода баргузор шуд, маълум шуд.
Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти вазорат, ҳиссаи муомилоти ғайринақдӣ тавассути воситаҳои пардохти электронӣ аз 4,9% дар соли 2018 то 12% дар соли 2022 афзоиш ёфтааст.
Маълум аст, ки зимни мулоқот масъалаи густариши зерсохти пардохтҳои ғайринақдӣ баррасӣ шуд. Инчунин дар бораи ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасониҳои давлатӣ суханронӣ карда, оид ба таъсиси пойгоҳи ягонаи маълумот оид ба суратҳисобҳои ҳамаи мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Таваррум пасту рушди ММД баланд: Вазири тоҷик ҳоли иқтисоди Тоҷикистонро гуфт
Илова бар ин, иқтисоддонҳо масъалаи роҳҳои таъмини рушди бозори ипотека дар кишвар, бахусус дар заминаи дуруст баҳодиҳии хатарҳои эҳтимолӣ дар ин бозорро матраҳ карданд.
Таҳкими танзими бозори амволи ғайриманқул, таъсиси мониторинг ва омори расмии нархҳои амволи ғайриманқул аз рӯи минтақаҳо низ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.
Ба аъзои Шӯро супориш дода шуд, ки то охири соли 2023 масъалаҳои ба миён гузошташударо зери назорат гирифта, қарорҳои қаблан қабулшударо саривақт ва самаранок амалӣ намоянд.