ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Корбарони шабакаи иҷтимоии Twitter аз раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский барои суханони ӯ дар бораи ниятҳои раҳбари Русия Владимир Путин интиқод карданд. Вай иддао дорад, ки Минск ҳадафи навбатии Маскав хоҳад буд. Як қатор эродҳо ба баёни норозигӣ бо мавқеи кишвардори Зеленский нигаронида шудаанд.
"Охир, барои хамин ба Белорус яроқи ядроӣ дода шудааст? - пурсид яке аз шореҳон.
"Зеленский намедонад, ки дигар чӣ гуна таваҷҷӯҳи Ғарбро ба худ ҷалб кунад", - навиштааст корбари дигар.
"Чӣ сафсата", - навиштааст саввумӣ,
Боқимондаҳо ба танқиди қарорҳои қаблии Владимир Зеленский гузаштанд.
"Дафъаи қаблӣ Зеленский дурӯғ гуфт, ки Путин нақшаи ҳамла кардан ба Аврупоро дорад", - - хулоса карданд корбарон.
Қаблан раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко идеяи вуруди эҳтимолии ин кишвар ба Русияро афсонаи Ғарб номида, гуфта буд, ки раҳбарони ду кишвар ба қадри кофӣ оқил ҳастанд, ки чунин иттиҳодияеро таъсис диҳанд, ки аз як сохтори воҳид қавитар бошад.
Ёдовар мешавем, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гуфт, ки Русия ва Беларус маҷбуранд ба таҷовузи Паймони Атлантикаи Шимолӣ муқовимат кунанд. Ба гуфтаи вай, "фаъолияти низомии НАТО самти хашмгинтаринро касб кардааст".
Илова бар ин, Маскав ва Минск ба таҳкими фазои мудофиавии муштарак дар воқеияти нави низомию сиёсӣ машғуланд, таъкид кард Шойгу.