ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Садама бо иштироки ронандаи ноболиғ, ки бо марги мусофири хурдсол анҷомидааст, дар ноҳияи Рӯдакӣ ба қайд гирифта шуд.
Ба иттилои ВУД, сокини 16-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, сари идораи "Мерседес-Бенс"-и бародараш нишаст, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди деҳаашон суръатро баланд кардааст.
Дар натиҷа ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба хоначаи насоси обкашонии канори роҳ бархӯрда, ба дохили дарё чаппа шудааст, омадааст дар иттилоия.
ВУД афзуд, ки бар асари садама мусофири хурдсоли худрав, писарчаи 4-сола дар ҳамон ҷо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мақомот мегӯянд, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
Таҳлили раёсати Бозраси давлатии автомобилии Тоҷикистон нишон додааст, ки зиёда аз 60%-и садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар бо иштироки ноболиғон рух медиҳанд.
Бар асоси омори расмӣ, аз аввали соли равон то даҳрӯзаи охири моҳи май беш аз 400 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Дар пайи ин садамаҳо 146 нафар ҳалок шуда, 442 нафар бо ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардонида шудааст.
БДА тавзеҳ дод, ки бо иштироки пиёдагардон дар 182 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ 52 пиёдагард ба ҳалокат расида, 136 нафар ҷароҳат бардоштааст.