ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Пас аз он ки Вазорати меҳнати Федератсияи Русия шумори муҷаввизҳои кор барои хориҷиён бо раводидро зиёд кард, интизор аст вуруди муҳоҷирон аз ҳарвақта бештар сурат гирад.
Дар маҷмӯъ, дар Русия беш аз 100 ҳазор муҳоҷирро дар сохтмону соҳаи кишоварзӣ интизор аст.
Вазорати корҳои дохилӣ ҳамзамон пешниҳод кардааст, ки имтиёзҳо барои мутахассисони хориҷӣ ҳангоми гирифтани иҷозатномаи иқомат нигоҳ дошта шаванд
Аммо бо зиёд шудани шумораи иҷозатномаҳои кор бояд эҳтиёткор буд, гуфт Ярослав Нилов, раиси кумитаи Думаи давлатӣ оид ба меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорон ба "Парламентская газета".
Ба гуфтаи ӯ, дар миёни муҳоҷирон далелҳои қонуншикании гуногун ба қайд гирифта шуда, сарбории инфрасохтори иҷтимоӣ ва соҳаи тандурустӣ меафзояд.
Илова бар ин, ӯ ёдовар шуд, ки дар кишвар биржаи корӣ ва бекорони расмии худ вуҷуд дорад.
Минтақаҳо бо як сабаби оддӣ бо муҳоҷирон осонтаранд, қайд кард депутат - онҳо аз болои корфармо шикоят намекунанд.
Дар айни замой дар соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ. муҳандисӣ, моҳипарварӣ ва моҳидорӣ коргарон лозиманд.
Ҳамчунин коргарон дар соҳаи кӯҳӣ, сохтмону таъмир низ серталабанд.
Бояд гуфт, ки дар маҷмуъ барои соли 2023 Ҳукумати Федератсияи Русия квотаи 123,9 ҳазор иҷозаи кор барои хориҷиёнро, ки бо раводид ба кишвар меоянд, тасдиқ кардааст.
Вазорати меҳнат квотаҳоро мувофиқи ниёзҳои минтақаҳо тақсим мекунад. Ҳамзамон, дар сурати тағйир ёфтани эҳтиёҷоти корхонаҳо ба қувваи кории хориҷӣ дар давоми сол як қисми квота дар захира боқӣ мемонад.