ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Додгоҳ дар гарнизони Хуҷанд 6 сарбозу 2 афсарро дар латукӯби бераҳмонаи наваскарон, ки навори он ба интернет роҳ ёфта буд, гунаҳкор дониста, ҷазояшонро таъйин кардаст.
Дар ин бора манобеъ аз додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
"Додгоҳ барои ду афсар 11,5 сол ва барои шаш сарбози дигар, ки ҳамхидматони худро мавриди латукӯб қарор додаанд 9,5 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ҳукм содир кард" - гуфт манбаъ аз Коллегияи ҳарбии гарнизони Хуҷанд.
Манбаъ афзуд, ки ҳукми додгоҳ рӯзи 30 май дар бинои гарнизони Хуҷанд содир шудааст.
Сарбозон ва афсарон дар "вайрон кардани қоидаҳои оинномавӣ" ва "суистифода аз мақом ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ" гунаҳкор дониста шудаанд.
Таҳқиқи қазия баъди он оғоз шуд, ки навори латукӯб як моҳи қабл ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, баҳсбарангез шуд.
Додситонӣ муайян намуд, ки ҳодисаи латукӯб дар қисми ҳарбии 0215-и мақомоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ, 15 декабри соли 2022 рух додааст ва навори он ахиран ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.
Бархе аз муттаҳамон муҳлати хидмати сарбозиро ба поён расонида буданд, аммо баъди роҳ ёфтани видеои латукӯби наваскарон ҳар кадоми онҳо боздошт шуданд. Аз ҷумла дар пайи нашри навор, сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дастгир шуд ва акнун маҳкум гардид.
Феълан назари маҳкумшудаҳо ва ҷониби ҳимояашон дар мавриди ҳукм маълум нест.