Тағйироти кадрӣ дар маориф: аз барканории Субҳонзода то таъйини Саидзода

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як қатор фармонҳо ва қарорҳои ҳукумат дар бахши маориф ва илми ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ амалӣ намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Субҳонзода Икром Субҳон аз вазифаи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президенти Тоҷикистон озод гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, фармон дар ин бораро президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31 май имзо кард.
Дар фармони раисҷумҳур сабаби барканории Субҳонзода ба кори дигар гузаштан арзёбӣ шудааст. Субҳонзода дар мақоми раиси Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон аз моҳи апрели соли гузашта фаъолият дошт.
Субҳонзода дар вазифаи раиси Агентӣ, Саидзода Шоҳин Нуриддин, писари Нуриддин Саид, вазири маорифи собиқ ва раиси феълии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистонро иваз карда буд.
Аз санҷиш нагузаштанд: барканории мудирони мактабҳо ва таъйини мудири маориф дар Бохтар
Директори нави Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президенти Тоҷикистон, бар асоси фармони дигари президент, Саидзода Муҳаммадтоир Саид таъйин гардид.
Саидзода Муҳаммадтоир Саид то ҳол директори Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор" буд.
Дар мавриди вазифаи нави Субҳонзода Икром Субҳон ҳанӯз иттилое дода нашудааст. Маврид ба зикр аст, ки қаблан Субҳонзода ба ҳайси мудири Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон кор мекард.