Сафири Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Доғистонро баррасӣ мекунад

Намояндаи Тоҷикистон дар доираи сафараш ба ин минтақаи Русия бо роҳбарияти он ва сохторҳои савдою саноат густариши ҳамкориҳоро ба миён мегузорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо як сафар ба Доғистон омад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисоди Доғистон, дар фурудгоҳи Махачкала дипломатро муовини сарвазири ҷумҳурӣ Рамазон Ҷаъфаров, вазири иқтисод ва рушди ҳудудҳои вилоят Ҳоҷӣ Султанов ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ Лилиана Магомедова пешвоз гирифтанд.
Дар барномаи рӯзи аввали сафар мулоқот бо раҳбари Доғистон Сергей Меликов дар назар аст. Инчунин дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, ки дар он соҳибкорони маҳаллӣ иштирок мекунанд, мулоқот бо сафир баргузор хоҳад шуд.
Сарвазири Тоҷикистон густариши тиҷоратро бо раисҷумҳури Тотористон баррасӣ кард
Маврид ба зикр аст, ки фурудгоҳи Махачкала ба 3 шаҳри Тоҷикистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад. Аз ҷумла, метавон аз пойтахти Доғистон ба Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб парвоз кард.
Баррасии ҳамкориҳо бо Доғистон дар ҳоле сурат мегиранд, ки ахиран вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров аз роҳбарони минтақаҳои кишвараш хост, пешниҳодҳои бештару мушаххас барои таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро ироа кунанд.
Лавров таъкид намуд, ки муносибот бо Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон дар заминаи шарикии стратегӣ, баробарӣ, эҳтироми тарафайн ва ҳамсоядории нек роҳандозӣ шудаст.
Дипломат махсусан таъкид намуд, ки бо ҳар яке аз ин кишвар муколамаи густурдаи сиёсӣ ҷой дорад, ки он барои таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз иқтисоду сармоягузорӣ то илму маориф мусоидат мекунад.