Вазорати дифои Русия: Киев бо ҳашт ҳавопаймои бесарнишин ба Маскав ҳамла кард

Ҳама ҳавопаймоҳо нобуд шуданд ва Вазорати дифоъ ҳавопаймоҳои бесарнишинро, ки дар пойтахти Русия парвоз мекарданд, ҳамлаи террористӣ номид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Вазорати дифои Русия гуфт, ки режими Киев рӯзи сешанбеи 30 май ба пойтахти Русия якбора бо чанд ҳавопаймои бидуни сарнишин ҳамла кард.
Ба иттилои манбаъ, ҳамаи он тавассути системаи мудофиаи ҳавоӣ нобуд карда шуданд.
"Субҳ режими Киев бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ба объектҳои Маскав ҳамлаи террористӣ анҷом дод", - гуфт манбаъ.
Дар ҳамла ба пойтахт ва вилояти Маскав ҳашт дастгоҳи бесарнишини навъи ҳавопаймо ширкат доштанд. Ҳамаи онҳо нобуд карда шуданд.
Кремл: Киев ба ҷони Путин суиқасд кард
Се тои онҳо тавассути дастгоҳи электронӣ пахш карда шуданд, онҳо назоратро аз даст доданд ва аз ҳадафҳои пешбинишуда дур шуданд.
Панҷ ҳавопаймои бесарнишини дигар низ аз ҷониби системаи мушакӣ ва силоҳи зиддиҳавоии "Пантсир-С" дар вилояти Маскав сарнагун карда шуданд.