ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки дар Қирғизистон баргузор мешавад, ширкат варзида, бо Садир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон мулоқоти дуҷониба анҷом медиҳад.
Тавре дар дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон хабар доданд, ин чорабинӣ дар шаҳри Чолпон-Ота, воқеъ дар соҳили Иссиқкӯл баргузор мешавад.
Дар ин ҳамоиш руасои ҷумҳури Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва ҳамчунин муовини раиси Девони вазирони Туркманистон ширкат хоҳанд кард.
Аз ҷониби Аврупо дар ҷаласа раиси Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел намояндагӣ мекунад.
Дар ин ҷаласа, вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва гуманитарии байни минтақаҳо баррасӣ шуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо табодули афкор сурат мегирад.
Илова бар ин, Содир Ҷабборов бо роҳбарони ҳайатҳо мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.
Қаблан Раҳмон бо як сафари давлатӣ ба Қазоқистон сафар карда буд.
Дар рӯзҳои сафар мулоқоту гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ: бо президенти кишвари мизбон ва намояндагони воломақоми он сурат гирифтанд, ки онро Тоқаев таърихӣ хонд.