Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Зарбаи Русия ба майдонҳои ҳавоии Украина

Вазорати мудофиаи Русия гузориш дод, ки дар ҷабҳаҳои амалиёти махсуси низомӣ тайи як рӯзи охир чӣ рух доду талафони ҷониби Украина чӣ қадар шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия шабона ба фурудгоҳҳои Украина ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд.
Дар ин бора Вазорати дифои Русия дар гузориши худ дар бораи ҷараёни амалиёти вижа хабар додааст.
"Ҳадафҳои таъйиншуда мавриди зарба қарор гирифтанд. Ҳама иншооти таъйиншуда нобуд карда шуданд", - гуфтанд дар вазорат.
Ба артиши Русия муяссар шуд, ки ба посгоҳҳои фармондеҳӣ, радарҳо, таҷҳизоти авиатсионӣ, анборҳои аслиҳа ва лавозимоти ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина зарба занад, афзуд манбаъ.
Вазорат тавзеҳ додааст, ки барои ҳамлаи гурӯҳӣ онҳо аз силоҳҳои дақиқи баландпарвози ҳавоӣ истифода кардаанд.
Бар асоси гузориши нашркардаи Вазорати мудофиа дар мавриди натиҷаҳои амалиёташ тайи рӯзи гузашта, нерӯҳои Киев аз ҳама бештар дар самти Донетск хисорот диданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лукашенко бархӯрд бо Украинаро ногузир хонд: баъдтар барои Маскав бадтар мебуд
Аз ҷумла дар феҳрасти натиҷаҳои ин самт оварда шудааст, ки то 145 нафар хизматчиёни ҳарбии Украина нобуд карда шуд, 2 мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, 2 мошини боркаш ва як гаубисаи Д-30 тахриб гардиданд.
Дар мавриди самти Купянск иттилоъ дода шудааст, ки то 65 нафар ҷанговар, дар самти Краснолиманский — то 50 нафар, дар самтҳои Донетски ҷанубӣ ва Запороже — то 140 нафар, дар самти Херсон — то 20 нафар ҷанговари украинӣ талаф ёфтаанд.
Илова бар ин, нерӯҳои дифои ҳавоӣ тавонистаанд се мушаки болдори Storm Shadow, 13 мушаки HIMARS ва 14 ҳавопаймои бесарнишини украиниро сарнагун кунанд.