ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Озмуни 10-уми ҷумҳуриявии "Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ" дар Тоҷикистон то 2 июн идома хоҳад кард.
Дар ин бора аз раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Таъкид шуд, ки мақсад аз ин чорабиниҳо, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон ва ба ин восита ташвиқу тарғиб намудани иҷрои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ҷойҳо мебошад.
БДА бо такя ба таҳлилҳояш гуфтааст, соли сипаришуда зиёда аз 63%-и ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ дар ҷумҳурӣ бо иштироки кӯдакон ва наврасон ба амал омадааст.
Бар асоси омори расмӣ, аз аввали соли равон то даҳрӯзаи охири моҳи май беш аз 400 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Дар пайи ин садамаҳо 146 нафар ҳалок шуда, 442 нафар бо ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардонида шудааст.
БДА тавзеҳ дод, ки бо иштироки пиёдагардон дар 182 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ 52 пиёдагард ба ҳалокат расида, 136 нафар ҷароҳат бардоштааст.
Масъулин мегӯянд, баргузории чунин озмунҳо байни наврасону кӯдакон барои коҳиши ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ заминаи хуб мегузоранд.