ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Даври сеюми озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон тибқи квотаи раисҷумҳур оғоз гардид.
Ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, озмун то 11 июн идома хоҳад ёфт.
Илова шуд, ки вобаста ба баргузории даври сеюми озмун дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва илм бо иштироки мақомдорони соҳа, дастгоҳи иҷроияи президент, аъзои комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷаласа баргузор шуд.
Дар ҷаласа ба таъмини шаффофияти раванди баргузории озмуни квотаи президентӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дода шудааст.
Зикр гардид, ки озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи президентӣ аз соли 1997 бо ҳадафи дастгирии духтарону писарони деҳот амалӣ мешавад.
Бар асоси омори расмӣ, 11,5 ҳазор духтар аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.
Дар маҷмуъ зикр гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 222 ҳазор духтар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор духтар дар ин муассисаҳо таҳсил доранд.