ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Кореяи Ҷанубӣ нақшаи сар додани моҳвораи Кореяи Шимолиро ҳамчун "нақз"-и қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал маҳкум кард ва ба Пхенян таҳдид кард. Агар Кореяи Шимолӣ аз тасмими партоби моҳвора пас нагардад, "азоб" хоҳад кашид, гуфт Вазорати хориҷаи Кореяи Шимолӣ.
Дар баёнияи вазорати умури хориҷаи Кореяи ҷанубӣ гуфта мешавад, партоби моҳвора аз сӯи Куриёи Шимолӣ "нақзи ҷиддии қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар бораи манъи ҳар гуна партоб бо истифода аз фанновариҳои мушакҳои баллистикӣ" ва "амали ғайриқонунӣ аст, ки бо ҳеҷ баҳона сафед карда намешавад".
"Ҳукумати мо дар робита ба эъломи Кореяи Шимолӣ дар бораи як иғвои дарпешистода, ки ба сулҳ дар минтақа таҳдид мекунад, ҳушдори шадид медиҳад ва даъват мекунад, ки фавран аз нақшаи ғайриқонунии партоби моҳвора даст кашад", - омадааст дар изҳорот.
Дар идома таъкид шудааст, ки агар Кореяи Шимолӣ моҳвораашро сар диҳад, пас дар пай бо азобҳое рӯбарӯ хоҳад шуд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Кореяи шимолӣ нияти худро барои сар додани моҳвора аз 31 май то 11 июни соли равон ба Созмони байналмилалии баҳрӣ (IMO) расонидааст.
Шуъбаи назорати вазъияти марбути Кореяи Шимолӣ дар назди дафтари сарвазири Ҷопон маълумот дар бораи ин партоби эҳтимолиро ҷамъоварӣ ва таҳлил кардаст.
Аз ҷумла ҷойҳои эҳтимолии афтодани боқимондаҳои мушакҳо муайян шудаанд, ки берун аз минтақаи истисноии иқтисодии Ҷопон ҷойгиранд. Аз ҷумла дар назар аст, ду қисм дар баҳри Зард дар ҷанубу ғарби Кореяи Шимолӣ ва яке дар Филиппин дар шарқи Уқёнуси Ором хоҳад афтид.
Бо вуҷуди ин, чун дар гузашта, мушак бо моҳвора метавонад бар фарози минтақаи наздикии архипелаги Сакишимаи Ҷопон парвоз кунад.