ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Дар Туркия аз соати 08:00 ба вақти маҳаллӣ, ки ҳамзамон бо вақти Маскав мебошад, қитъаҳои интихоботӣ барои раъйдиҳӣ дар даври дуюми интихоботи президентӣ боз шуданд.
Ба иттилои мақомоти Туркия, дар саросари кишвар зиёда аз 191 ҳазор қуттиҳои овоздиҳӣ гузошта шудаанд. Шумораи интихобкунандагон зиёда аз 60 млн нафарро ташкил медиҳад.
Дар даври дуюм президенти феълӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо номзади аҳзоби муҳолиф, Камол Қиличдароғлу сабқат мекунад. Назарсанҷиҳои қаблазинтихоботӣ дар мавриди натиҷаи овоздиҳӣ якмаром набуда, бархе пирӯзии Эрдуғону бархе пешсафии рақибашро пешгӯӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар даври аввали интихоботи 14 май дар Туркия 3 довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ сабқат карданд.
Рақиби асосии Эрдуғон, президенти феълии 69-сола номзади ягона аз Эътилофи ҷумҳурихоҳон, Камол Қиличдароғли 74-сола буд. Номзади мухолифинро 7 ҳизби Туркия ҷонибдорӣ карданд.
Эрдуғон дар даври аввал беш аз 49% ва Қиличдароғлу ҳудуди 45%-и овозҳоро ба даст овард. Номзади сеюм Синон Огани 55-сола ҳудуди 5%-ро соҳиб шуд. Собиқ номзад аз эътилофи Отатурк Синон Оган изҳор дошт, ки дар даври дуюм аз раисҷумҳури феълӣ пуштибонӣ мекунад.
Номзади охирин аз ҷиноҳи Memleket, Муҳаррем Инҷ буд, ки се рӯз пеш аз интихоботи даври аввал аз номзадии худ даст кашид ва тавзеҳ дод, ки ин корро зери бори туҳматҳо алайҳи ӯ ва наздиконаш кард.