ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи дидбонгоҳҳои сарҳадии "Айвоҷ" ва "Меҳнат" дар ноҳияи Шаҳритус иштирок кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз отряди сарҳадии "Айвоҷ" ба таври маҷозӣ (онлайн) иншооти як қатор отрядҳои сарҳадӣ ва дидбонгоҳҳои муосирро мавриди истифода қарор дод.
Зикр шуд, ки аз ҷумла дидбонгоҳҳои нав дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз ва Ванҷи ВМКБ, се дидбонгоҳ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, 7 дидбонгоҳ дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор, Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон мавриди истифода қарор дода шуд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки ба муносибати Рӯзи сарҳадбонони тоҷик дар саросари кишвар 33 иншооти нави сарҳадӣ барои хизмати 4 ҳазор нафар сарбоз ба истифода дода шуд.
Дар дидбонгоҳи сарҳадии "Айвоҷ" Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо намунаи техника, дастгоҳҳои муҳандисию дидбонгоҳӣ, нусхаи симтур ва симхори барои муҳофизати хатти сарҳади давлатӣ тасдиқгардида шинос шуд, ки аллакай даҳҳо километри он дар марзи давлатӣ насб гардидааст.
Зикр гардид, ки дар мавзеи Айвоҷ дар фасли зимистон ҳаво 32 дараҷа хунук ва дар тобистон бошад, гармии ҳаво то ба 63 дараҷа мерасад.
Таъкид гардид, ки дидбонгоҳҳои сарҳадии "Айвоҷ" ва "Меҳнат" бо муосиртарин воситаҳои техникӣ бо мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ пурра таъмин карда шуд.
Дар маҷмуъ дар рӯзи иди сарҳадбонон 100 намуд техникаи гуногуни низомӣ харидорӣ ва ба хизматчиёни дидбонгоҳҳои навтаъсиси “Айвоҷ” ва “Меҳнат” тақдим гардид.